- пар
- I[پر]1. асоси замони ҳозира аз паридан2. ҷузъи пасини баъзе калимаҳои мураккаб ба маъноҳои паранда, парвозкунанда: худпар, дурпар, тезпарII[پر]парвоз, паридан, паришIII[پر]1. найчаҳои бо мӯяк ва тибит иҳоташуда, ки тану боли парандагонро мепӯшонад2. бол; қанот; пари коҳ а) резаи коҳ, коҳреза; б) ночиз, чизи хеле кам; пари зоғ киноя аз ранги сиёҳ; чун пари товус; рангин, рангоранг; пар баровардан а) болдор шудан (-и ҷӯҷа); пар пайдо кардан; б) маҷ. ҷасорат пайдо кардан, далер шудан, нотарс шудан; пар боз кардан бол кушодан, ба парвоз омода шудан; пар задан а) болҳо ба ҳам барзадан; б) паридан, парвоз кардан; пар кандан а) найчаҳои мӯякдорро аз тану боли паранда ҷудо намудан, бе бол намудан; б) маҷ., ниг. пару бол кандан; пар кушодан парвоз кардан, ба парвоз омода шудан; пар рехтан а) пар резондан, тулак кардан; б) маҷ. оҷизу нотавон гаштан; лоқу пар чизу чора, асбобу анҷом3. кит., маҷ. пушту паноҳ, ҳимоят; зери пар гирифтан а) ба паноҳи худ гирифтан; б) ба итоат даровардан; пару бол доштан киноя аз пушту паноҳ ва қуввату қудрат доштан; пар(-и касеро) сӯхтан аз воситаи амалу ҳаракат маҳрум кардан касеро; пару бол бахшидан (додан) рӯҳбаланд кардан; қувваю мадад додан; пар(-у бол) кандан (шикастан) оҷизу нотавон гардонидан◊ пашша пар назадан оромӣ ва хомӯшӣ ҳукмфармоя буданIV[پر]шакли кӯтоҳшудаи парниёнV[پر]партав, нур
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.